ИШТИРОКИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁН ДАР МАРОСИМИ ГУСЕЛИ ДАЪВАТШАВАНДАГОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
Дар Амфитеатри Қасри Арбоб маросими ботантанаи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯёни донишкада фаъолона ширкат варзиданд.
Чорабинӣ бо иштироки роҳбарияти вилоят, намояндагони мақомоти давлатӣ, кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, падару модарон ва аҳли ҷомеа баргузор гардида, даъватшавандагон дар қалбҳои саршор аз муҳаббат ба Ватан омодагии худро барои хизмат ба халқу миллат изҳор доштанд.
Зимни суханронии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид гардид, ки хизмати ҳарбӣ қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус буда, ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмини амнияту суботи давлат вазифаи асосии ҳар як ҷавонмарди ватандӯст маҳсуб меёбад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби ҳақиқии мардонагӣ, ҷасорат, шуҷоат ва садоқат ба Ватан буда, дар он ҷавонон обутоб ёфта, ба ҳимоятгарони воқеии давлату миллат табдил меёбанд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки дар қисмҳои ҳарбии мамлакат бо ғамхориҳои доимии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароити зарурӣ муҳайё мебошад.
Аз ҷавонон даъват карда шуд, ки бо ҳисси баланди масъулият, интизоми намунавӣ ва иродаи қавӣ хизмат намуда, Ватанро содиқона ҳимоя кунанд ва номи неки падару модарро баланд бардоранд.
Падару модарон низ фарзандони худро бо дуои нек ва эҳсоси ифтихор гусел намуда, ба онҳо роҳи сафед, тансиҳатӣ ва хизмати шарафмандонаро орзу карданд.
Бояд гуфт, ки дар нахустин рӯзи гусели даъватшавандагон 46 дарсади нақшаи муқарраршуда иҷро гардид.
Барои даъватшавандагон дастархони идона ороста шуда, ҷавонон пас аз тановули хуроки нисфирӯзӣ сафарбар шуданд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО