МУЛОҚОТИ ЗУФАР ИСМОИЛЗОДА БО УСТОДОНИ ДОНИШКАДА
Дар толори хурди донишкада дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқоти муовини Раиси вилоят Зуфар Исмоилзода бо устодони ин муассисаи олии таълимӣ дар партави эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ва ҳамчунин пешгирии падидаҳои номатлуб, баланд бардоштани савияи дониш, риояи фарҳанги либос ва дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ тарбия намудани ҷавонон баргузор шуд.
Мулоқотро директори донишкада Хурсанд Содиқзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки устодон ва донишҷӯёни донишкада ҳангоми омӯзиш ва тадрис донишу ҷаҳонбинии илмии худро такмил дода, бо арзишҳои миллӣ, таърихи давлатдорӣ, фарҳангу тамаддуни тоҷикон, меъёрҳои ахлоқӣ ва принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мунтазам шинос мегарданд. Дар ин замина ҳисси худшиносӣ, худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва масъулияти шаҳрвандии онҳо ташаккул меёбад.
Ҳамзамон, омӯзиши фанҳои алоҳидаи таълимӣ ба рушди тафаккур, қобилияти арзёбии равандҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, дарки дурусти арзишҳои умумибашарӣ ва таҳкими мавқеи шаҳрвандии ҷавонон мусоидат менамояд. Донишҷӯён имконият пайдо мекунанд, ки мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ишғол намуда, дар ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ ва суботи ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Бо ин роҳ, раванди таълим на танҳо ба азхудкунии донишҳои назариявӣ, балки ба тарбияи шахсияти худогоҳу масъул, ки дорои ҳисси баланди ифтихори миллӣ мебошад, равона гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз донишкада вобаста ба ҳадафҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони баландихтисосро омода намуда, тайёркунии кадрҳоро мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат ва афзалиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ба роҳ мондааст. Омодасозии мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои гуногуни техникӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ, сохтмонӣ ва хизматрасонӣ амалӣ гардида, раванди таълим ба ташаккули донишҳои касбӣ, ҷаҳонбинии муосир ва малакаҳои амалии донишҷӯён равона карда шудааст.
Бо мақсади вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешбурди иқтисодиёти кишвар дар Донишкада соли ҷорӣ 4 ихтисоси нав дар зинаи бакалавр аз рўйи ихтисосҳоии дизайни дохили бино, ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти роҳи оҳан, автомобилҳои барқӣ ва гибридӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, аудит ва ревизия дар зинаи бакалавриат ва ихтисоси нав дар зинаи магистратура меъмории биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ таъсис дода шуд.
Директори донишкада дар баромади худ ҳамзамон доир ба паҳлуҳои мухталифи фаъолияти донишкада маълумоти муфассал ироа намуд.
Муовини Раиси вилоят Зуфар Исмоилзода зимни баромади худ нахуст аз дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишкада тавсиф намуда, ин муассисаи олии таълимиро яке аз боргоҳи маърифатии пешбари вилоят унвон намуд.
Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш мавқеъ ва мароми аҳли зиёро дар созандагиву бунёдкорӣ ва ташаббускории аҳли ҷомеа таҳлил намуда, зикр доштаанд, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо ба ғайр аз тадрису таълим, ба корҳои тарбиявӣ низ диққати ҷиддӣ равона карда шавад. Аз ин рӯ, раёсати донишкадаро зарур аст, ки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, фаъолияти худро оид ба тайёр намудани мутахассисони ватанпарвар ва баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир равона намояд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ, тарбияи эҳтиром ба либоси миллӣ, ҳисси зебопарастӣ, бедор намудани завқи баланди донишҷӯён ба маданияти либоспӯшӣ миллӣ равона карда шуда, ҷиҳати аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, пешгирии хурофотпарастӣ ва пӯшидани сару либоси бегона масъулини дахлдор муваззаф гардиданд.
Таъкид шуд, ки устодони донишкада кӯшиш ба харҷ диҳанд, то таълиму тарбияи ҷавонон тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷавонон, хислату сифати шоиста, ахлоқу одоби нек, рафтору кирдори намунавӣ, муносибату муоширати накӯ, ватанпарвару инсондӯстӣ, ҳаёти солиму хирадмандона ва дигарҳоро дарбар гирад, то ки ҷавонон ба ҳаёти шоистаи мустақилона ба хубӣ омода гарданд.
Мулоқот бо мубодилаи афкор анҷом пазируфт.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО